Нигоргари сурӣ роҳбарони ҷаҳониро дар нақши паноҳҷӯён тасвир кард

© Фото : Ayyam GalleryРоҳбарони ҷаҳонӣ дар нақши гурезаҳо
Роҳбарони ҷаҳонӣ дар нақши гурезаҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Як нигоргари сурӣ, ки ҳамакнун дар Белгия зиндагӣ ба сар мебарад, тасмим гирифтааст бо тасвири роҳбарони ҷаҳонӣ дар нақши паноҳҷӯён таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба мушкилоти муҳоҷирон ҷалб кунад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Абдулло Умарӣ — нигоргаре аз Сурия, бархе аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро дар нақши паноҳҷӯён тасвир кардааст. Ӯ нигораҳояшро дар сафҳаи Инстаграми худ мунташир кардааст.

 

Ин наққошиҳо дар намоишгоҳе дар Дубай ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

 

Умарӣ дар нақши паноҳҷӯёни сурӣ Доналд Трамп, Ангела Меркел, Владимир Путин, Башор Асад, Барак Обама, Тереза Мэй, Ким Чен Ин, Борис Ҷонсон, Николя Саркози, Франсуа Олланд ва Дэвид Кэмеронро тасвир кардааст.

 

Бо ин наққошиҳояш рассоми сурӣ мехоҳад таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба мушкилоти муҳоҷират ва гурезаҳо ҷалб кунад.

 

Лентаи хабарҳо
0