Пулис дар Кобул ду додхоҳро кушту ҳафт касро захмӣ кард

© AP / Massoud HossainiТазоҳурот дар шаҳри Кобул
Тазоҳурот дар шаҳри Кобул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даргирии нерӯҳои интизомии Афғонистон бо додхоҳон дар Кобул ду куштаву ҳафт захмӣ бар ҷо гузошт

ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Нерӯҳои интизомии Афғонистон дишаб дар Кобул ба яке аз хаймаҳои додхоҳони ҷунбиши мардумии “Растохези тағйир” дар минтақаи Шерпур ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, пулис дар ин ҳамла талош карда то хаймаи марказии додхоҳонро ҷамъ кунад, вале бо муқовимати эътирозкунандагон дучор шуд.

Гуфта мешавад, ки даргирии муътаризон ва нерӯҳои пулис чанд соат давом карда ва дар натиҷа нерӯҳои интизомӣ бо тирандозӣ ба додхоҳон ду касро куштаву ҳафт касро захмӣ кардаанд. Ҳамчунин 11 кас аз муътаризон боздошт шудааст.

Ромиш Нурӣ – яке аз сарони “ҷунбиши Растохези тағйир” гуфта, ки нерӯҳои пулис дар паи тирандозӣ ва саркӯб кардани додхоҳон хаймаи онҳоро аз минтақаи Шерпур бардоштаанд.

Ҷунбиши “Растохези тағйир” дар паи эътирозҳои худҷӯши мардуми Кобул ба ноамниҳо дар пойтахту кишвар дар оғози моҳи июн ташкил шуда ва дар паи кушта шудани ҳафт додхоҳ, аз ҷумла писари муовини маҷлиси Афғонистон, дар тирандозии пулис ба тазоҳуркунандагон густариш ёфт.

 

Лентаи хабарҳо
0