Афғонистону Ҳиндустон борбарии ҳавоиро роҳандозӣ карданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДоставка цветов из Голландии к 8 марта
Доставка цветов из Голландии к 8 марта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҳавопаймое, ки аз Кобул ба Ҳиндустон парвоз кард, 60 тонна маҳсулоти кишоварзиро интиқол дод

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории Тоҷик ТА иттилоъ медиҳад, дар маросими ифтитоҳи даҳлези ҳавоӣ раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ иштирок кард.
Нахустин ҳавопаймое, ки тариқи ин хатсайр ба Ҳиндустон аз Кобул парвоз кард, 60 тонна маҳсулоти кишоварзиро интиқол додааст.
Дар ҳоли ҳозир, ҳамлу нақли 40 тонна маҳсулот аз Қандаҳор ба Ҳиндустон барномарезӣ шудааст.
Қайд карда мешавад, ки қаблан соҳибкорони Афғонистон барои ҳамлу нақли як килу маҳсулот 70 сент парвохт мекардаанд.  Акнун баъд аз ифтитоҳи ин даҳлези ҳавоӣ нархи ҳамлу нақл 20 сент коҳиш ёфтааст, ки ин аз манфиати соҳибкорон холӣ нест.

Лентаи хабарҳо
0