Соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбакистон хостори лағви раводид шуданд

Соҳибкорони ду ҳамсоякишвар- Тоҷикистон ва Узбакистон хостори лағви раводид гадиданд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории Тоҷик ТА иттилоъ медиҳад, соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасти якҷоя хостори аз байн бурдани раводид байни ду кишвар гардиданд.

Тавре манбаъ қайд мекунад, рӯзи гузашта дар Душанбе таҳти раёсати Давлаалӣ Саид — муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва Улуғбек Розуқулов- муовини нахуствазири Узбакистон музокироти намояндагони ҳукуматии ду кишвапр баргузор шуд.

"Соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбакистон ба намояндагони ҳукумати худ пешниҳод карданд, ки режими раводиди ду кишвар сода ё лағв карда шавад",- қайд мешавад дар хабар.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон ояндаи муштаракашонро баррасӣ карданд

Соҳибкорон иброз доштанд, лағв гардидани раводид боиси беҳтар гаштани равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ хоҳад шуд.
Илова бар ин, соҳибкорон пешниҳод карданд, ки байни ду кишвар гузаргоҳҳои иловагӣ ифтитоҳ ёбад. Ёдовар мешавем, ки байни Тоҷикистону Узбакистон ҳамагӣ ду гузаргоҳ ҳоло фаъолият мебарад.

Ҳамчунин дар мулоқот коҳиш додани нархи билетҳои масири парвози Тошканд- Душанбе пешниҳод шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайъати Узбакистон аз раҳбарону намояндаҳои 17 вазорату созмони давлатӣ ва 28 намоянда аз бахши хусусӣ ташкил шуда ва раёсати онро муовини нахуствазири он кишвар Улуғбек Розуқулов ба уҳда дорад.

Имрӯз  дар Душанбе ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Узбакистон баргузор мешавад, ки дар он 300 соҳибкор ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала