Русия ва Тоҷикистон мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро густариш медиҳанд

© Фото : МИД РТМинистр внутренних дел Рахимзод Рамазон Хамро с директором Агентства по контролю за наркотиками Салимзодом Шерхоном Одином и представителем МИД РФ
Министр внутренних дел Рахимзод Рамазон Хамро с директором Агентства по контролю за наркотиками Салимзодом Шерхоном Одином и представителем МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи вазорати умури дохилаи Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо вазири умури дохила ва мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон дидор кард

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар дидори Муҳаммад Килёсхонов, намояндаи ВКД Русия, бо Рамазон Раҳимзода ва Шерхон Салимзода роҳҳои тақвияти ҳамкориии ду кишвар дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот намояндаҳои нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ва Русия дар мавзуъҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, равишҳои мубодилаи иттилоъоти бозҷустӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи муштарак бо табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ табодули афкор карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин омодагии тарафҳо ба нишасти Шурои Вазирони корҳои дохилии Кишварҳои ҳамсуд, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, баррасӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0