Владимир Путин ҷараёни маъмури Кумитаи амнияти давлатти Шуравӣ шуданашро боз гуфт

© SputnikВладимир Путин
Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин ба қабулгоҳи Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ ворид шуду пурсид, барои корманд шудан дар ин ниҳод чӣ кор бояд кунад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз тасмимгирияш барои маъмурияти иттилоъотӣ ва фаъолият дар Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ (КАД) гуфт.

Ба гуфти Владимир Путин, нахуст орзу дошт халабон шавад, вале дертар фаҳмид, ки ин пеша барояш ҷолиб нест ва аз баҳри ин орзӯ баромад.

"Ман аз кӯча рост ба қабулгоҳи Кумитаи амниятии давлатии ИҶШС рафтам. Чун хонаводаам аз коргарон буд, воситаву пушту паноҳе надоштам", — гуфт Владимир Путин дар мулоқот бо волидони хатмкунандагон.

Дар он қабулгоҳ раисҷумҳури ояндаи Русияро гуфтанд, ки нахуст бояд таҳсилоти олии ҳуқуқдониро фаро гирад ва сипас наздашон биёяд.

Наворҳои беҳтарин бо иштироки Владимир Путин ба муносибати рӯзи мавлуди президент - Sputnik Тоҷикистон
Путин 64-сола мешавад: беҳтарин наворҳо бо иштироки президенти ФР Владимир Путин

"Аз ҳамон лаҳза ман дигар аз физика, кимиё ва риёзӣ даст кашидам. Омӯхтани ин фаннҳоро бас кардам", — гуфт бо лабханд Владимир Путин.

Владимир Путин аз соли 1977 дар бахши зидди таҷассуси Идораи бозҷӯии КАД дар Ленинград фаъолият кардааст. Аз соли 1985 то 1990 маъмури иттилоъотии шуравӣ дар Олмони Шарқӣ будаву ҳамчун мудири Хонаи дӯстии Иттиҳоди Шуравӣ ва Олмон дар шаҳри Дрезден фаъолият кардааст.

Сарҳанг Владимир Путин соли 1991 аз Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ истеъфо дод.

Владимир Путин ҳамчунин дар бораи наворбардории филми мустанади коргардони амрикоӣ Оливер Стоун — "Мусоҳиба бо Путин" ("Интервью с Путиным") нақл кард.

Президенти Русия Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Натоиҷи “муколамаҳои мустақим” бо Владимир Путин

Ба қавли ӯ, навори ин филм дар рафти кор бардошта шуд ва ӯ коргардонро аз чунин тарзи наворбардорӣ огоҳ карда будааст.

"Ба ман гуфтанд, ки Стоун мехоҳад як филме бисозад. Ман гуфтам: сохтан гирад. Дертар аз ӯ пурсидам — ҳануз Шуморо латукӯб накардаанд? Ӯ гуфт — на", — мегӯяд бо ханда Владимир Путин.

Аз ҳафтаи гузашта дар шабакаи телевизюнии амрикоии Showtime намоиши филми Оливер Стоун оғоз шуда, ки аз июли 2015 то феврали 2017 филмбардорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала