СБМ: одамфурӯшӣ - яке аз хатарноктарин таҳдидҳо ба мардумони Осиёи Марказӣ аст

© Фото : Пресс служба представительства МОМФорум южной и Центральной Азии по борьбе с торговлей людьми в Душанбе
Форум южной и Центральной Азии по борьбе с торговлей людьми в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Марказиро маъмулан манбаъи қурбониёни одамфурӯшон мешуморанд. Вале одамфурӯшон ин кишварҳоро ҳамчун роҳи бурду овард ва бозори фурӯши мардону занону кӯдакон барои кори иҷборӣ ва баҳракашии ҷинсӣ истифода мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар ҳамоише, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират 22 — 23 июн дар шаҳри Душанбе баргузор кард, намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон роҳу чораҳои муқовимат бо одамфурӯширо баррасӣ карданд. 

Бино ба иттилоъияе, ки СБМ мунташир кардаву дар ихтиёр дорем, ин ҳамоиш бо ҳадафи тарғиби ҳамкориҳои фаромарзӣ ва минтақаӣ, тақвияти ҳимоя ва воҳамгироии қурбониёни одамфурӯшон ва қишрҳои дигари осебпазири ҷомеъа баргузор шуд. Дар он созмонҳое ширкат карданд, ки дар заминаи муқовимат бо одамфурӯшӣ фаъолият мебаранд.

"Одамфурӯшӣ яке аз мушкилоти аслии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш аст", — гуфт дар ин ҳамоиш Лоуренс Ҳарт, раҳбари Намояндагии СБМ дар Афғонистон.

Вай афзуд: "Ин ҳамоиш бо гирди ҳам овардани созмонҳое, ки дар мубориза бо одамфурӯшӣ дар минтақа дар сафи аввал меистанд, имкони арзишмандеро барои табодули идея ва беҳтар кардани ҳамкориҳо фароҳам меорад". 

Дар ин ҳамоиш ҳар намояндае аз вазъи одамфурӯшӣ дар кишвараш гузориш дод ва масъалаи талошҳои муштарак дар мубориза бо ҷиноят ва ёрирасонӣ ба қурбониёнро баррасӣ намуданд. Таҷрибаҳои беҳтарини фаъолият ва имкониятҳои тарҳрезӣ, пешбурд ва иҷрои муштараки ибтикорҳои минтақавӣ низ таъкид гардид.

"Созмонҳои иҷтимоъӣ чашму гӯш ва дастони ҷомеъаи байнулмилалӣ дар маҳаллҳо ҳастанд", — гуфт Драган Алексоски, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.

Ӯ гуфт: "Ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фароҳам овардани имкони тағйир ба мо ҷиҳати дарки ниёзҳои қишрҳои осебпазир ва вобаста ба ин ниёзҳо тарҳрезӣ намудани фаъолиятҳоямон мусоидат мерасонад. Ин ҳамоиш ба ҳайси як нуктаи оғози ҳамкориҳои пурсамар миёни созмонҳои иҷтимоии кишварҳое, ки дар он иштирок карданд, хидмат мекунад".  

Кишварҳои Осиёи Марказиро маъмулан манбаъи қурбониёни одамфурӯшон мешуморанд. Вале одамфурӯшон ин кишварҳоро ҳамчун роҳи бурду овард ва бозори фурӯши мардону занону кӯдакон барои кори иҷборӣ ва баҳракашии ҷинсӣ истифода мекунанд. Солҳои ахир шумори қурбониёни одамфурӯшон дар миёни ҷавонзанон аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон бештар шудааст.

Созмонҳои мардумниҳод дар ҷустуҷӯву расондани ёриву пуштибонии ҳуқуқӣ, иҷтимоъӣ ва равоншинохтӣ ба қурбониёни одамфурӯшон ва боз гардонданашон ба ҷомеъа нақши муҳим иҷро мекунанд.

Намояндагии СБМ дар Афғонистон дар соли 2016 тарҳи дарозмуддатеро дар заминаи муқовимат ба одамфурӯшӣ оғоз кард. Ҳадафи аз иҷрои он беҳтар кардани ҳамкории минтақавӣ ва тақвияти талошҳо барои пешгирӣ аз хариду фурӯши одамон, пуштибонӣ аз қурбониён ва беҳтар кардани вокунишҳо ба ин падида аст.

Ин ҳамоиш нахустин ибтикори бузурги минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи ҳамин тарҳ аст, ки интизор меравад ба рушди шабакаи ҳамкорӣ ва тарғиби муқовимат ба одамфурӯшӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мусоъидат кунад.

Лентаи хабарҳо
0