ВУД аз ҳодисаи маргборе, ки дар он қудои Эмомалӣ Раҳмон фавтидааст, хабар дод

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодиса 22-уми июн тақрибан соатҳои 13:05 дар 67-умин километри шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Сайёд рух додааст

ДУШАНБЕ, 24 июн —Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаи маргборрое, ки дар он Камолиддин Нуралиев  - қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳалокат расидааст, шарҳ дод.

Тавре қайд мегардад, ҳодиса  22-юми июни соли 2017, тахминан соати 13:05-дақиқа дар 67,2 км роҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сайёди ноҳияи Данғара сар задааст.

"Марди 60-сола   бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти мукобили ҳаракати роҳ баромада бо автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс, таҳти идораи марди 50-сола бармехӯрад",- қайд мешавад дар гузориш.

Дар натиҷаи ин бархурд худи ронанда ва мусофири он марди 71-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Равобити умуми ВУД ном ва насаби фавтидагонро қайд намекунад, аммо тавре дар вазорат хабар доданд, онҳо Камолиддин Нуралиев ва ронандаи вай буданд.

ВУД мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса давом дорад.

Ёдовар мешавем, пештар дар бораи ҳалокати акдемик Камолиддин Нуралиев- падари Ҷамолуддин Нуралиев- шавҳари духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон хабар дода шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0