Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Владимир Путин мусулмононро бо Иди Фитр муборакбод гуфт

Раисҷумҳури Русия дар суханронии худ, аз нақши мусуслмонон дар пойдории сулҳ қайд кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба хадамоти иттилоърасони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин мусулмонони Русияро бо Иди Фитр табрик гуфта, нақши онҳоро дар таҳкими дӯстӣ миёни халқиятҳои гуногуни ин кишвар, муассир арзёбӣ кардааст.

"Иди Фитр-яке аз муҳимтарин ҷашнҳои мусулмонҳост, ки дар давоми чандин асрҳо таҷлил мешавад. Анҷоми моҳи мубораки Рамазон маънои амиқи ахлоқӣ дошта, таҷассумгари оғози эҳёшавӣ, кӯшиш ба пурра кардани ботини худ ва омодагӣ барои кӯмак ба бенавоён мебошад", — омадааст дар табрикномаи раисҷумҳур.

Поёнрасии моҳи мубораки Рамазон-иди Фитр унвон мешавад. Дар ин рӯз саҳари барвақт мардон барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо раҳсипор мешаванду занон ба ороиши дастархон машғул мешаванд.

Пас аз намоз мардон, ҳамдигарро бо иди саиди Фитр табрик намуда, мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз ба аёдати азодорон, беморон, ятимону бепарсторон, ҳамсояҳо ва хеша ақрабо мераванд.

Кӯдакон ба ҷамъ кардани ширинӣ машғул мешаванд. Мардум дар хонаҳояшон дастархони идӣ ороста ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд ва ба якдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала