Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Моҳи Рамазон: милисаҳо тарбузро ройгону гуштро 20-сомонӣ хариданд

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТЯрмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар остонаи Иди Рамазон
Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар остонаи Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ба кормандони ВКД тарбузи ройгон ҳадя карданд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, дар остонаи иди мубораки Рамазон, рӯзи 24 июн бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока баргузор гардид.

Деҳқонони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Панҷу Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомию Хуросон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Тибқи маълумоти манбаъ нахрҳои ин ярмарка аз баҳои маҳсулоти бозорӣ аз 30 то 40 фоиз арзонтар будааст.

Чунончи як килу гушт 20 сомонӣ, як килу биринҷ 4 сомонӣ, як килу себзаминӣ, пиёз, бойимҷон ва помидор 1 сомонӣ, як дона тарбуз ва ё харбуза 3 сомонӣ, як дона тухм 50 дирам нарх дошта, нахуд, мош, карам, сабзӣ, меваҷоти тару тоза ва дигар маҳсулот пешкаши харидорон шудааст.

Деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ба шаҳрвандон тарбузи ройгон тақсим кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала