Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистониён Иди Рамазонро "гарм" пешвоз мегиранд

© SputnikСвященный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 26 ва 27 июн др Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълом шудаанд. Имрӯз тоҷикистониён Иди Рамазонро ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи Созмони обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнӣ ҳавои мусоид пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво аз 35 то 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ҳудуди вилояти Суғд ҳам, ҳавои нарми бебориш ҳукмрон хоҳад буд, ҳарорати ҳаво шабона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ рӯзона то 26  дараҷа шабона бошад то 15 дараҷа гарм мешавад.

© Фото : Агентство по Гидрометеорологии РТПрогноз погоды
Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон
Прогноз погоды

Сокинони Тоҷикистон ин ҳафта чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи душанбе — Иди Рамазон аст.

Рӯзи сешанбе, 27-уми июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин ду рӯз дар кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.Пеш аз идҳо рӯзи шанбе ва якшанбе аст, ки маъмулан дар кишвар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҳисоб, сокинон чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала