“Ин аст иззату эҳтироми шумо ба расму оини миллӣ” : Раҳмон аз пӯшоки занон ситоиш кард

© Фото : Пресс служба президента РТПраздник День национального единства в городе Вахдат
Праздник День национального единства в городе Вахдат - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи бошукӯҳи ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, барои ширкат дар ин ҷашн меҳмонони бисёре аз гӯшаву канори кишвар ва ҷаҳон, мардуми шаҳру ноҳияи Ваҳдат ва атроф гирди ҳам омада буданд.

Раисҷумҳур нахуст 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ширкаткунанадгон дар ин ҷашн ва шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт ва сипас аз 20 соли оштиву оромӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Пас аз суханронии раисҷумҳур барномаи рангини ҳунарӣ баргузор шуд, ки дар поёни он Эмомалӣ Раҳмон аз дастандаркорону ҳунармандону ширкаткунандагон барои баргузории барнома дар сатҳи баланд сидқан сипосгузорӣ кард.

"Дӯстони азиз, ҳозирини муҳтарам, пеш аз ҳама мехостам, ки ба аҳли ҳунар, фарҳанг, ба ҳама ширкаткунандагон, фарзандон, ҷавонписарон, ҷавондухтарон, барои онҳое, ки ин шабшинии таърихиро барои мо пешкаш кардаанд, аҳсанту офарин гӯям", — гуфт раисҷумҳур.

© Фото : Пресс служба президента РТПраздник День национального единства в городе Вахдат
Праздник День национального единства в городе Вахдат  - Sputnik Тоҷикистон
Праздник День национального единства в городе Вахдат

Эмомалӣ Раҳмон маъниву мазмуни таронаҳои иҷрошуда, бавижа либоси миллии занону духтаронро ситоиш карда гуфт, "ин аст либоси миллии тоҷикӣ".

"Қариб зиёда аз 50 ҳазор кас — ҳам ширкаткунандагон ва ҳам тамошобинон, ҳама бо сару либоси миллӣ ҳозир шуданд. Офарин,  аҳсант. Ана ин аст иззату эҳтироми Шумо ба расму оинҳои миллии таърихии  бостонии тоҷикон, аҳсант, офарин! Чӣ қадар зебо аст, ана ин аст, сару либоси миллии тоҷикона!", — таъкид кард раисҷумҳур.

Дар поён Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонону ширкаткунандагон дар ин ҷашн "як ҷаҳон ташаккур" гуфта, афзуд, ки "бигзор дар сарзамини тоҷикон доимо ваҳдати милливу суруду рақс бошад".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала