Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури дохилаи кишварҳои ҳамсуд

© Фото : Сайт президента РТВстреча президента РТ Эмомали Рахмона с министрами стран СНГ
Встреча президента РТ Эмомали Рахмона с министрами стран СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Шурои вазирони умури дохилаи кишварҳои мустақили ҳамсуд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки барои ширкат дар нишаст ба шаҳри Душанбе омадаанд, имрӯз субҳ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии кишвардори Тоҷикистон, дар ин дидор масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳамкориҳои сохторҳои интизомии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсуд дар мубориза бо ҳаросафканӣ, тундравӣ, табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки сохторҳои интизомии кишварҳои ҳамсуд бояд ҳамкориҳои дастаҷамъонаашонро барои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳон густариш диҳанд.

Нишасти Шурои вазирони умури дохилаи Кишварҳои 27 — 29 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0