Розҳо ошкор мешаванд ё не: Убайдуллоев сарнавишти пасандозҳои мансабдорони тоҷикро ҳалл мекунад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Маҷлис пешнависи қонуни изҳори даромадҳои намояндаҳои маҷлисро дар моҳи май тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вакилони Маҷлиси олӣ дар моҳи июл пешнависи тарҳи ислоҳи қонуни изҳори иҷбории даромадҳои кормандони ҳукумат ва хешовандонашонро баррасӣ хоҳанд кард.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев фарохони вакилон ба ҷаласаро имзо кардааст.

Маҷлиси намояндагон Қонуни изҳори ҳатмии даромадҳоро дар моҳи май ислоҳ карда буд.

Афзун бар изҳори даромадҳо, мансабдорон ҳамчунин барои шикастани савгандашон муҷозот хоҳанд шуд.

Қонуни ёдкарди савгандро Маҷлиси намояндагон дар моҳи май тасвиб карда буд. Бино бар ин қонун, кормандони давлатӣ пеш аз оғоз ба кор кардан ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0