Панҷшанбеи серун: имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik.  Бино ба иттилоъи Созмони обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои серун ва боридани борон пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво  аз 34 то 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳудуди вилояти Суғд  ҳавои нарм ҳукмрон хоҳад буд, ҳарорати ҳаво аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Созмони  обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз 27 то 32 дараҷа ва дар шарқи он аз  17 то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала