Пушти мизи раисҷумҳур: боздиди донишомӯзон аз мактабе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он таҳсил кардааст

Гурӯҳе аз донишомӯзонии ҳисорӣ ба ноҳияи Данғара рафта, аз мактабе, ки дар он раисҷумҳур таҳсил намудааст, дидан карданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино ба гузориши нашрияи "Садои мардум", гурӯҳе аз хонандагон аз шаҳри Ҳисор аз мактаби рақами 7 ноҳияи Данғара, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар он таҳсил кардааст, боздид карданд.

Ба иттилоъи ин рӯзнома, донишомӯзони муассисаи таълимии "Нури Ирфон" аз шаҳри Ҳисор зуд-зуд ба аз маконҳои торихӣ ва хушманзара боздид мекардаанд. Ин бор шогирдонро барои тамошо ба ноҳияи Данғара бурдаанд.

Муҳассилин ба мактаби рақами 7 рафта,  бо шароити таҳсил дар он ошно шуданд. Ба онҳо синфхона ва мизеро, ки раисҷумҳур пушти он нишаста будааст, намоиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала