Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: аз барканорӣ дар Кумитаи варзиш то таъйинот дар Кумитаи гардишгарӣ

© Фото : Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо қароре раиси Кумитаи навбунёди рушди сайёҳӣ ва муовинонашро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Чунончи, бо Қарори ҳукумат, Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати ҶТ, Ҳабибулло Амирбекзода муовини аввали раис, Ширин Амонзода муовини раис таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин ба далели табдил ёфтани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати ҶТ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  Ҳукумати ҶТ, Ҳабибулло Амирбекзода аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озод карда шуд.

Раисҷумҳур ҳамчунин бо қароре Махсудҷон Маҳкамзодаро аз симати мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Лентаи хабарҳо
0