Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим ширкат меварзад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото
Футбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Командаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим иштирок мекунад. Чемпионати мазкур зери унвони "Оянда аз ту вобаста аст" моҳи майи соли оянда пеш аз оғози Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 02 июл — Sputnik. Директори генералии Ширкати "МегаФон" Сергей Солдатенков ва сардори фонди хайриявии британиягии Street Child United Джон Ро дар бораи баргузории чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим зери унвони "Оянда аз ту вобаста аст" Ёддошти ҳусни тафоҳум ба тасвиб расонданд.

Мусобиқа моҳи майи соли оянда дар Москва доир мешавад. Барои қаҳрамон шудан 24 дастаи духтарону писарони аз 14 то 17 сола мусобиқа мекунанд. Дар мусобиқа дастаҳо аз давалтҳои Британияи Кабир, Белорус, Бурунди, Бразилия, Миср, Зимбабве, Индонезия, Канада, Кения, Либерия, Маврикия, Мексика, Непал, Русия, ИМА, Танзания, Тоҷикистон, Уганда, Украина, Филиппин ва боз чанд кишвари дигари олам иштирок хоҳанд кард.

"Аз соли 2005 мо мусобиқаи "Оянда аз ту вобаста аст"-ро байни дастаҳои футболи бачаҳои ятим ташкилу баргузор мекунем. Ҳадафи асосии мо аз баргузории ин чорабинӣ ба ҳар як кӯдаки ятим фароҳам овардани имконият барои сохтани ояндаи худаш ҳаст. Соли оянда ин имконият ба кӯдакони ятими 22 кишвари дунё даст хоҳад дод", — қайд намуд Солдатенков.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
!-- —>!-- —>!-- —>!-- —>

Роҳбари бунёди хайрия дар навбати худ изҳор намуд, ки чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим бар асоси кӯшиши дастҷамъона ташкил карда мешавад.

"Моҳи майи соли оянда, дар арафаи оғози Ҷоми Ҷаҳон дар Русия мо ин чорабиниро баргузор менамоем ва боварӣ дорем, ки одамон ба ин гуна атфоли ятим таваҷҷӯҳи хоса  зоҳир мекунанд ва барои ояндаи дурахшони онҳоро сохтан имконият фароҳам меоранд", — гуфт Ро Джон.

Лентаи хабарҳо
0