Барандагони пешини “Ҷоми Оқохон” бозиро бохтанд

© Sputnik Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи "Вамар" дар мусобиқоти давраи чаҳорякниҳоии "Ҷоми Оқохон" аз дастаи “Рӯшон” шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Рақобатро барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" чаҳор даста идома медиҳанд.

Рӯзҳои таътил дар майдони "Спартаковетс" дар Маскав ҳашт даста байни ҳам рақобат карданд.

Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Футболи тоҷикон дар Маскав: ёздаҳ даста бозиро бохт

Раҳбари равобити умумии созмони "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар паи шикасти чаҳор дастаи дигар, бозиро дастаҳои "Хоруғ", "Рӯшон", "Боми ҷаҳон" ва "Ишкошим" идома медиҳанд.

Барандагони пешини "Ҷоми Оқохон" — дастаи "Вамар" бозиро бохтанд. Ҳамчунин тимҳои "Сохчарв", "Помир-Душанбе" ва "Фарзандони Помир" аз рақибони худ шикаст хӯрда, бозиро тарк мекунанд.

Ҳамин тавр чаҳор даста: "Хоруғ", "Рӯшон", "Боми ҷаҳон" ва "Ишкошим" ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи "Вамар" шуда буд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои таътил дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала