БМТ ва UnionPay дар Тоҷикистон кортҳои бонкӣ ва худпардозҳоро роҳ меандозанд

© SputnikЗдание Национального банка Таджикистана, архивное фото
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинии "UnionPay" ва Бонки миллии Тоҷикистон дар заминаи роҳандозии кортҳои байналмилалӣ ва худпардозҳо ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси ширкати "UnionPay" Ши Венчао дар дидоре дар Душанбе роҳҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаи корбурди кортҳои бонкиро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Ши Венчао дар ин мулоқот қарор доданд, ки ҳамкориро дар ин замина бо таъсис додани коргурӯҳе аз намояндагони ҳарду ҷониб оғоз кунанд.

Қарор бар ин шуда, ки марказҳои пардозишгарии сомонаи пардохти "Корти миллӣ" ва "UnionPay" бо якдигар пайваст дода шаванд то сохторҳои бонкии Тоҷикистон битавонанд кортҳои муштараки "UnionPay" ва "Корти миллӣ" содир ва арза кунанд.

Сомонаи чинии "UnionPay" соли 2002 таъсис дода шуда, ҳамакнун яке аз сомонаҳои пардохтии пешрафта дар ҷаҳон (дар баробари Visa ва Master Card) шинохта шудааст. То поёни соли 2016 "UnionPay" 5,8 милёрд корт содир карда ки дар 162 кишвар корбурд доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала