Ҷонибдорони Гулмурод Ҳалимов як милисаи тоҷикро захмӣ карданд

© Кадр из YouTubeГулмурод Халимов, архивное фото
Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор кас аз ҷонибдорони Гулмурод Ҳалимов дар як задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд. Як корманди нерӯҳои интизомӣ низ захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Расонаҳои Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки дар задухурде, ки миёни наздикони Гулмурод Ҳакимов ва нерӯҳои интизомӣ дар вилояти Хатлон дар гирифта, чаҳор кас аз наздикони фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони Тоҷикистон кушта ва се каси дигар дастгир шудаанд.

Дар паи ин задухӯрд, ки дар деҳаи Ибрати ҷамоати Туғараки ноҳияи Восеъ рух дода, як корманди милиса низ захмӣ шудааст.

Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ то кунун дар бораи ин задухӯрди мусаллаҳона шарҳу тавзеҳе надодаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Нерӯҳои посдори Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст.

Лентаи хабарҳо
0