ВУД ҶТ навори дуздӣ дар бозори "Корвон"-ро мунташир кард

© МВД РТЗадержаные по подозрению в поджоге
Задержаные по подозрению в поджоге - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навори ғоратгарӣ ва акси муттаҳамон ба дуздии колоҳои тоҷирони бозори "Корвон"-ро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навореро мунташир карда, ки дар он дуздии колоҳои дукондорон ҳангоми оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" сабт шудааст.

Дар ин навор ҳамчунин муттаҳамон ба дуздӣ низ намоиш дода мешаванд. Дар миёни даргиршудаҳо, ки беш аз 10 кас ҳастанд, чанд наврас низ дида мешавад.

Оцепление рынка Корвон  после пожара в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: Як дузди бозори "Корвон" дастгир шуд

Нерӯҳои интизомӣ дар ин навор аз бепарвоии бархе аз хонаводаҳо нигаронӣ ва интиқод кардаанд, ки шабона дар куҷо гаштани фарзандони ноболиғашонро назорат намекунанд.

"Гурӯҳе аз ҷавонону наврасон ба ҷои ёрирасонӣ, даст ба дуздӣ даст зада, хисороти калони молӣ ба тоҷикон расондаанд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Нерӯҳои шаҳрбонӣ мегӯянд, колоҳои дуздидаро аз дастгиршудагон боз ёфта ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Бозаргонони "Корвон" мегӯянд, бозорро оташ задаанд

Ёдоварӣ мекунем, ки оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" шоми 2 июл сар зада буд. Оташ 480 метри мураббаъ аз бозорро фаро гирифта ва 255 фурӯшгоҳу 260 дуконро сӯхта буд. Аз кормандону тоҷирони бозор касе куштаву захмӣ нашуд.

Бозҷӯён далели оташсӯзиро иттисоли кӯтоҳи ноқилҳои барқ гуфта буданд. Аммо кормандони бозор бар ин боваранд, ки "Корвон"-ро оташ задаанд.

Бино ба додаҳои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ин сӯхтор дар паи оташ задани бозор сурат гирифтааст. Ба гуфти онҳо, соати 15:30 барқро дар саросари бозор хомӯш карда буданд, вале оташсӯзӣ соати 20:30 сар задааст. Дар он соат шабакаи барқ шиддате надошта, ки оташ бигираду бозорро бисӯзонад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала