Нақли ҳамсарони ҷангиёни ДОИШ: ғуломӣ ва ночорӣ

Обуна шудан
Ҳамсарони ҷангиёни гурӯҳи теруристии ДОИШ аз сарнавишти сангинашон нақл карданд

Яке аз занҳо дар навор нақл мекунад, ки вайро амакаш маҷбур кардааст, ки ба ҷагии ДОИШ шавҳар кунад.  Ҳоло бошад амакаш кушта шудааст ва дар бораи шавҳараш  маълумоте надорад.

Зан кӯдаки яксолае дар даст дорад  ва мегӯяд шавҳараш қариб як сол вайро ҳамчун ғулом дар таҳхонае нигоҳ медошт, то аз вайнагурезад ва иҷоза намедод, ки ба наздиконаш занг занад.

Дар навор кормандони полис гуфтаанд, ки ин занҳое, ки ба саволи онҳо ҷавоб медиҳанд,  ба ҷурме муттаҳам намешаванд.

Лентаи хабарҳо
0