Сафири Исроил дар Тоҷикистон мақомашро тарк мекунад

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТСафири Исроил мақомашро тарк мекунад
Сафири Исроил мақомашро тарк мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Исроил дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) хонум Кармела Шамир мақомашро тарк мекунад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ, Сироҷиддин Аслов ба муносибати ба итмом расидани муҳлати фаъолияти сафири Исроил, хонум Кармела Шамирро ба ҳузур пазируфт.

Ба гузориши манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Исроил ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ муҳокима карданд.

Ҳамчунин сиёсатмадорон, ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар чаҳорчӯби СММ ва мубориза ба муқобили теруризми байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грэн мақомашро тарк мекунад.

Лентаи хабарҳо
0