Ҳиндустон колоҳояшро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкДворец Тадж-Махал в городе Агра.
Дворец Тадж-Махал в городе Агра. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дувумин намоишгоҳи колоҳои Ҳиндустон дар се шаҳри Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа мизбони намоишгоҳи колоҳои Ҳинд хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон, ин намоишгоҳ 14 — 23 июл баргузор мешавад ва қарор аст дар он 25 ширкати ҳиндӣ тавлидоташонро намоиш диҳанд.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ, ки бо ибтикори УБС ҶТ ва ширкати ҳиндии "PSP Traders & Services Pvt Ltd" ва пуштибонии Ҳукумати ҶТ баргузор мешавад, колоҳои фаннӣ, атторӣ, пӯшок, орояву перояҳои занона аз сангҳои гаронбаҳо ва сохтаҳои дастварзони ҳиндӣ ба намоишу фурӯш гузошта мешаванд.

Ин намоишгоҳ бо ҳадафи ҷазбу ҷалби сармоягузорӣ, фанноварӣ ва густариши ҳамкориҳои бозаргонии Тоҷикистону Ҳинд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин намоишгоҳи колоҳои Ҳинд дар Тоҷикистон дар феврали соли 2015 баргузор шуда буд ва бисёр боздидкунанда дошт. Аз ин рӯ ва бо таваҷҷуҳ ба зиёд будани тақозо ба колоҳои ҳиндӣ дар Тоҷикистон, баргузоркунандагон тасмим гирифтаанд ин бор намоишгоҳро дар се шаҳр — Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа бар по кунанд.  

Лентаи хабарҳо
0