Низомиёни Русия пайомадҳои селу гилшорро дар Дарвоз бартараф мекунанд

Обуна шудан
Коршиносони низомии рус барои боз кардани роҳи об беш аз 100 килуграм тротил ва 50 минро ба кор бурданд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Низомиёни Русия дар поксозии пайомадҳои селу гилшор дар Дарвоз бо нерӯҳои тоҷикӣ ҳамкорӣ мекунанд, гуфт ёвари фармондеҳи Минтақаи низомии марказии Русия сарҳанг Ярослав Рошупкин.

Селевой поток в Дарвазе - Sputnik Тоҷикистон
Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон

"Коршиносони низомии Русия нерӯҳои Тоҷикистонро дар бартараф кардани пайомадҳои селу гилшоре ёрӣ мерасонанд, ки дар ноҳияи Дарвоз маҷрои рӯди марзии Панҷро бастаанд. Чунин дархостро раҳбарони кишвар аз фармондеҳии Минтақаи низомии марказӣ кардаанд", — тавзеҳ дод сарҳанг Рошупкин.

"Низомиён барои бартараф кардани сарбанди табиъӣ аз роҳи об беш аз 100 килуграм тротил ва 50 минро ба кор бурданд ва дар натиҷа об кам-кам равон шудааст. Поксозии пайомадҳои балои табиъӣ идома дорад",   — гузориш дод намояндаи расмии МНМ Русия.

Чуноне ки пештар хабар дода будем, 8-ум ва 9-уми июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баста аст. Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.

Ҳамин селу гилшорҳо дар каронаи тоҷикистонии Дарвоз низ вайрониҳое бар ҷой гузоштаанд. Чунончи, дар деҳаи Хостав 20 хона ва дар рустои Ширговад 3 хона зери об монда ва рафту омад дар шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ баста шуд. Дар ин рустоҳо беш аз 150 кас аз обхезӣ осеб дидааст. Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон барои селзадагон 9 тон маводи хӯрокворӣ ва колоҳои масрафи ҳаррӯза расондааст.

 

1/4
Сель в Дарвазе
2/4
Сель в Дарвазе
3/4
Сель в Дарвазе
© Ibrahim DariushСелевой поток в Дарвазе
Селевой поток в Дарвазе - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Селевой поток в Дарвазе
1/4
Сель в Дарвазе
2/4
Сель в Дарвазе
3/4
Сель в Дарвазе
4/4
Селевой поток в Дарвазе
Лентаи хабарҳо
0