Кумитаи варзиш: Агар Комроншоҳ бихоҳад, муҷозоташро мешавад лағв кард

Худи варзишкор мегӯяд, ки ҳамакнун ҳама фикру хаёлаш ба Ҷоми ҷаҳон банд аст ва пайваста машқ мекунад

ДУШАНБЕ, 13 июли — Sputnik. Имрӯз дар нишасти расонаӣ хабарнигорон аз раҳбари Кумитаи умури ҷавонону варзиш аз имкони лағви муҷозоти варзишкори машҳур Комроншоҳ Устопириён, ки аз ҳаққи ширкат дар сабқатҳои миллӣ маҳрум шуда буд, пурсон шуданд.

Аҳтам Абдуллозода дар посух гуфтааст, ки имкони лағви ин муҷозот вуҷуд дорад, аммо хоҳиши худи Комроншоҳ Устопириён вобаста аст.

Раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш тавзеҳ дод, ки Комроншоҳ Устопириёнро на ин Кумита, балки коргурӯҳе аз коршиносони федеросюнҳои гуногун аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда буд.

Вай афзуд, агар варзишкор ва ё намояндааш аз ин қарор шикоят кунад, Кумита омода аст, ки он коргурӯҳро дубора фаро хонад ва шикоятро баррасӣ ва масъаларо бознигарӣ кунад.

Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз муҷозоти Комроншоҳ варзишкорони тоҷикро "боодоб" мекунанд

Аммо Абдуллозода таъкид кард, ки варзишкор бояд аз худ ибтикор нишон диҳад ва шикояташро расман матраҳ кунад.

Вале Комроншоҳ Устопириён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт ҳамакнун барои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон омода мешавад ва ягона ҳадафаш пирӯз шудан дар ин зӯрозмоиҳост.

"Ҳоло ҳама фикру хаёлам ба Ҷоми ҷаҳон банд аст, ягона мақсадам пирӯзӣ дар сабқат аст", — гуфт вай ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён пас зурозмоӣ дар мусобиқаи наврӯзӣ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои миллӣ барои 2 сол маҳрум гардида буд. Аммо пас аз чанде дар моҳи май варзишкор дар Қаҳрамонии Осиё зӯрозмоӣ кард ва медали тилло ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала