Ниҳодҳои амниятии ҶТ аз шабакаҳои иҷтимоъӣ иттилоъ хоҳанд гирифт

Обуна шудан
НовостиTelegram
Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешнависи қонунеро тасвиб кард, ки сохторҳои амниятиро иҷоза медиҳад фаъолияти шаҳрвандонро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пайгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Маҷлиси миллӣ ислоҳияе дар Қонун "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" ворид кард, ки бар асоси он кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ҳаққ хоҳанд дошт дар раванди баргузории амалиёти бозҷӯӣ аз роёнаҳо ва вебгоҳу шабакаҳои иҷтимоъӣ иттилоъ ҷамъоварӣ кунанд.

Ин ислоҳияро Озода Раҳмон, раиси Кумитаи таъмини асосҳои конситутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти  Маҷлиси миллӣ, рӯзи 12 июл дар иҷлосияи ахири ин ниҳод пешниҳод кард.

Озода Эмомали. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон пайомадҳои таблиғи тамоку ва алкул дар телевизюнро тавзеҳ дод

Аз ин пас ниҳодҳои амниятиву интизомии ҶТ иттилоъотеро ба даст хоҳанд овард, ки нишон медиҳад адом шаҳрванд кай, аз куҷо ва ба кадом вебгоҳ даромада ва чи хондаву навишта ва ё тамошо кардааст.

Ба гуфти Ҷӯрахон Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаррӯза то 90 ҳазор паём аз тундравону ифротгароён дарёфт мекунанд, ки онҳоро ба пайвастан ба созмонҳои мамнуъ фаро мехонанд. Ба ин далел вай хостори пайгирии фаъолиятҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, чунин чораҳое бояд дар мубориза бо ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ корсоз бошанд.

"Ниҳодҳои масъулин пеш аз ин ҳам вебгоҳҳои шубҳабарангезро поишу фаробинӣ (мониторинг) мекарданд, вале акнун метавонанд додаҳо аз шабакаҳоро чун шавоҳид дар додгоҳ ба кор баранд", — тавзеҳ дод вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Қаршибоев ҳамчунин гуфт, ки боздид аз ҳаргуна вебгоҳе коре нописанду ношоист нест. Мушкил замоне сар мезанад, ки корвар нишонии вебгоҳи "бадеро" барои дигарон мефиристад, яъне амалан бо ин кораш даст ба пароканиши ақидаҳои ҳаросафканона дар шабака мезанад.   

Гуфтанист, Маҷлиси миллӣ ҳама ислоҳияҳо ба чаҳор қонуни ҷории кишвар, аз ҷумла Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонунҳо "Дар бораи милитсия" ва "Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"-ро, ки Озода Раҳмон дар ин иҷлосия муаррифӣ кард, бо аксари кулли оро тасвиб карданд.

Лентаи хабарҳо
0