Озмуни ВКД барои милиса шудани ятимони кулли тоҷику хориҷ

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТИфтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи милитсияи ВКД", воқеъ дар шаҳри Кӯлоб барои милиса шудани бепарасторон ва ятимони кулли дохилу хориҷ озмун эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, озмуни дохилшавӣ ба "Колеҷи милитсия" барои соли хониши 2017-2018 эълон шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ин коллеҷ довталабон ба таҳсили рӯзона бо тариқи буҷавӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, вазъи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар озмун хатмкунандагони синфи 9, ки дорои маълумоти миёнаи асосӣ мебошанд, барои таҳсили 4 сола ва хатмкунандагони синфи 11 барои таҳсили 3 сола қабул карда мешаванд.

Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бунгоҳи милиса кушоданд

Дар озмун ба камолоти ғоявӣ-рӯҳӣ, сифатҳои шахсӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии довталабон аҳамияти махсус дода мешавад.

Довталабон барои таҳсил аз ҳисоби ятимони кулл ва бепарасторон аз ҷониби воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷойи истиқомати довталаб интихоб карда шуда, тариқи имтиёзӣ қабул карда мешаванд.

Барои маълуоти бештар хоҳишмандон метавонанд бо телефонҳои зерин бо масъулини озмун дар тамос шаванд: 93-922-54-05, Қисми таълимӣ: (код 8322) — 23095, Қисми навбатдорӣ: (код 8322) — 23090.

Лентаи хабарҳо
0