Тобистон идома дорад: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Устинов / Гузариш ба медиабонкЗакат над Амударьей, архивное фото
Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тобистон ҳамоно бо гармиаш шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистонро шод мекунад

ДУШАНБЕ, 17 июл— Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 17 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Тибқи додаҳои манбаъ, дар ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 28 то 33 дараҷа ва дар шарқи он аз 18 то 23 дараҷаро ташкилхоҳад дод.

Дар вилояти Хатлон дар водиҳо ҳарорати ҳаво аз 37 то 42 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 32 то 37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо аз 35 то 40 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат аз 36  то 38 гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0