Ракетандозҳои "Ураган" "гурӯҳҳои тундраве"-ро дар Тоҷикистонро нобуд карданд

Ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон барои нахустин бор дар размоише муштарак омодагии ҷангии худро дар вокуниш ба амалиёти ҳаросафканӣ месанҷанд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ягонҳои ракетандози чандгонаи "Ураган" Нерӯҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳи шартии тундраверо дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" нобуд карданд.

Омӯзиши ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз Русия ба Тоҷикистон “Ураган” интиқол медиҳанд

"Шавоҳиди айнӣ нобуд шудани ҳадафро дар масофаи 15 килуметр таъйид кард", — хабар дод намояндаи расмии Минтақаи низомии марказии Русия сарҳанг Ярослав Рошупкин.

Ракетандозҳои чанлгонаи "Ураган" қодиранд ҳадафро дар шароити кӯҳистонӣ дар масофаи то 35 килуметр нобуд кунанд.

Дар ин размоиш беш аз се ҳазор низомӣ ширкат мекунад. Барои ширкат дар ин размоиш ба Тоҷикистон чаҳор ҷангандаи Су-25СМ аз Қирғизистон ва ҳамин теъдод ҷангандаи Су-24М аз Челябинск фиристода шуданд.

"Халабонон дар размоишгоҳи кӯҳии "Ҳарбмайдон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамроҳ бо ягонҳои заминии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тамрин мекунанд".

Пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар ҶТ бузургтарин ягони низомии ФР дар хориҷ аз он кишвар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала