Сел омад ба ВКД занг занед: фарохон ба ҳамкорӣ

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корҳои дохилӣ шаҳрвандони кишварро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, то охири моҳи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ҳамоно гарм мешавад ва хатари баландшавиии сатҳи дарёҳову рӯдҳо аз эҳтимол дур нест.

"Мувофиқи маълумоти мутахассисони Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири мохи июли соли ҷорӣ баландшавии харорати хаво дар кишвар дар назар дошта шуда, хатари баландшавии сатҳи об ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо аз эҳтимол дур нест", — омадааст дар эълом.

Роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Роҳсозон дар Дарвоз: роҳро дар кӯтоҳтарин замон боз мекунем

Аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар деҳаҳои наздисоҳилӣ ва баландкӯҳҳо дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоянд.

Барои ҳамкорӣ манбаъ рақамҳои зерро нашр кардааст: (+992 37) 223-13-11, 112; рақами телефонҳои ВКД: (+992 37) 227-98-98, 221-21-21, 19-19.

Пештар хабар дода будем, ки мардум ба вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода эътимод доранд. Дар муддати ним сол ба телефони боварии вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода — 1070 кас занг задааст.

Лентаи хабарҳо
0