ВУД: фурӯши силоҳи шикорӣ танзим мешавад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури хориҷаи Узбакистон қасд дорад фурӯши силоҳи шикориро танзим кунад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. ВКД Узбакистон лоиҳаи қонунеро "Дар бораи силоҳ" омода кардааст, ки мувофиқи он ба як кас танҳо фурӯши то се адад силоҳи шикорӣ иҷоза дода мешавад.

Хариди силоҳи шикорӣ ба шаҳрвандони калонсоле, ки иҷозатномаи махсуси вазорати умури дохиларо гиритфаанд, раво дониста мешавад.

Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷумҳур аз вуҷуди силоҳ дар дасти мардуми Бадахшон нигарон аст

"Зарурати қабули ин қонун бо сабаби номукаммалӣ ва нокомилии заминаи меъёрии амалкунанда аст", — омадааст дар хабарнома.

"Дар айни замон, қонунгузории Узбакистон танҳо намуди фаъолиятҳоеро танзим кардааст, ки корбурди силоҳро дар назар доранд бо силоҳро муқаррар кардааст, вале шумораи хариди онро муқаррар накардааст. Ин амалиёти нигоҳдорӣ ва корбурди солоҳи шикориро душвор мекунад дар ин самт душвор мекунад".

Тибқи қонун, хариди силоҳи шикорӣ ба шаҳрвандони калонсоле, ки иҷозатномаи махсуси вазорати умури дохиларо гиритфаанд, раво дониста мешавад. Мӯҳлати як иҷозатнома се моҳро дар бар мегирад.

"Шумораи умумии солоҳи оташфишон барои як кас аз се адад бояд зиёд набошад", — омадааст дар лоиҳаи қонун.

Лентаи хабарҳо
0