Раиси Донишгоҳи исломӣ: пӯшидани либоси арабӣ нишони мусулмон будан нест

© SputnikПросмотр интервью на экране с Тоджиддином Асозодой
Просмотр интервью на экране с Тоджиддином Асозодой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи исломӣ барои донишомӯзонаш тарҳи либоси миллиеро омода кардааст, ки бо талаботи шариъати исломӣ созгор аст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асозода дар нишасти расонаӣ аз тарроҳии либоси миллӣ ва созгор бо шариъат хабар дод.

Ба гуфтаи Асосзода, масъулини Донишгоҳи Имоми Аъзам дар ҳамкорӣ бо Маркази исломии Тоҷикистон, фавто ва назари коршиносонашон тарҳи либосеро омода кардаанд, ки бо талаботи шариъат созгор аст.

Лӯхтакҳои Барбӣ бо ҳиҷоб - Sputnik Тоҷикистон
Barbie ҳиҷоб пӯшид

Раиси Донишгоҳи исломӣ аз бонувони тоҷик хоста аст "аз шакли зоҳире, ки фарҳанги тоҷикон бегона аст, парҳез кунанд", зеро, ба гуфти вай, "пӯшидани либоси арабӣ, эронӣ ё туркӣ нишони либоси исломӣ нест".

Тоҷииддин Асозода ба мақолае, ки пештар дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" мунташир кардааст, ишора кардаву гуфтааст, ки дар дигар кишварҳои мусулмоннишин низ, ба монанди Индонезия ва Миср, либосеро ба бар мекунанд, ки хосси миллати онҳост.

"Тибқи эҳтироме, ки дар шариъати муқаддаси ислом ба миллат ва қавм аст, мо метавонем бо доштани либоси миллӣ тамоми талаботи шариъати исломро ба ҷо орем", — таъкид кардааст Тоҷиддин Асозода.

Чанде пеш раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар посух ба суъоли хабарнигорон гуфта буд, тоҷикон дар 1400 соле, ки пайрави ислом ҳастанд, либоси миллӣ ба бар мекарданд, аммо шариъати исломро риоят менамуданд.

"Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд", — гуфта буд Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Лентаи хабарҳо
0