Бехабар намонед: Россотрудничество дар Душанбе намошгоҳи омӯзишӣ баргузор мекунад

© SputnikВыставка-ярмарка "Российское образование Душанбе - 2017"
Выставка-ярмарка Российское образование Душанбе - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Дар намоишгоҳ қариб тамоми донишгоҳҳои Русия ширкат меварзанд. Ҳозирон метавонанд барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар ариза пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Маркази фарҳангиву илмии Русия дар Тоҷикистон  хатмкунандагон ва довталабонро ба намоишгоҳи илмӣ даъват мекунад. Намоишгоҳ аз ҷониби Россотрудничество дар якҷоягӣ бо RUSSIA.STUDY  созмон ёфтааст.

Намоишгоҳ 27-уми июли соли равон, соати 10:00 дар Маркази фарҳангӣ ва илмии Русия дар Душанбе дар нишонаи кӯчаи Мирзо Турсунзода, хонаи 28 боз мешавад.

Ҷавонони тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ва Хуҷанд намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишии Русия баргузор мешавад

Дар он довталабон ва волидони онҳо, донишҷӯёне, ки давраи якуми озмуни бурсияҳои Россотрудничестворо гузаштанд ва хатмкунандагони мактабҳои олии ҶТ метавонанд ширкат варзанд.

Барои иштирок бояд сараавал худро номнавис кард. Хоҳишмандон метавонанд ба воситаи линки зер аз қайд гузаранд.

https://russia.study/ru/organizationNavigator#{"educationTypeCode":"CommonEducation","page":1}

Дар намоишгоҳ метавон дар бораи барнома ва донишгоҳҳои Русия, таҳсили ройгон дар Русия ва маблағи таҳсил дар асоси шартнома маълумоти ройгон пайдо кард.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба рақамҳои  +7 499 648 88 99 дар тамос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала