Аз фарҳанги бегона даст кашед: Кумитаи занон дар "Саодат" корҳои ташвиқотӣ бурд

© AFP 2021 / AHMAD AL-RUBAYEМусульманки, архивное фото
Мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи кор бо занон ба мақсади "тарғибу ташвиқи фарҳанги тоҷик" байни занону духтарон ба Маркази савдои "Саодат" рафта, бо савдогарону харидорон аз фарҳанги либоспӯшӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҶТ итилоъ медиҳад, ки рӯзи гузашта мо сӯҳбат ба занону бонувон коргурӯҳи кумита ба Маркази савдои "Саодат" рафт.

Тавре дар гузориши дафтари матбуотии ниҳод қайд мешавад, мақсад аз сӯҳбат бо занон "тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдори тоҷик дар байни занону духтарон" будааст. 

" Бо савдогарон ва харидорон дар бораи фарҳанги волои либоспӯшӣ  ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд",- гуфта мешавад дар гузориш.

 Кумитаи занон баъди ин сӯҳбатҳо ба хулоса омад, ки "аксарияти занону духтарон дониши кофӣ надоранд, аз фарҳанги оиладорӣ ба тарзи бояду шояд огаҳӣ надоранд ва ба фарҳанги бегона аз рӯи тақлидкорӣ, бо таъсири мардони хонадон рӯ овардаанд".

 Кумита мегӯяд, дар аксар маврид занон омодагӣ ва хоҳиши худро барои даст кашидан аз либоси ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона изҳор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала