БМТ пулҳои яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомониро филиззӣ мекунад

© Национальный банк РТПервый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар наздиктарин рӯзҳо пулҳои 1-сомонӣ, 3-сомонӣ ва 5-сомониро бо сиккаҳои филиззӣ ҷойгузин хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муъовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз дар нишасти расонаӣ эълом кард, ки дар наздиктарин рӯзҳо пулҳои яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомонӣ бо сиккаҳои филиззӣ ҷойгузин хоҳанд шуд.

Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа

Ба гузориши равобити умумии БМТ, далели ин ҷойгузинӣ фарсуда шудани пулҳои коғазӣ дар муъомилот аст.

Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчунин гузориш дод, ки БМТ дар паи ин ҷойгузинӣ 343 милюн сомонӣ пулро аз муъомилот хориҷ карда, ки аз он ҷумла 41,9 милюнро пулҳои яксомонӣ, 10,7 милюнро пулсҳои сесомонӣ ва 13,7 милюнро пулҳои панҷсомонӣ ташкил додаанд. Ин пулҳо сахт фарсуда шуда ва дигар коромад нестанд ва дар наздиктарин рӯзҳо ҷояшонро сиккаҳои филиззӣ хоҳанд гирифт.

Муъовини аввали раиси БМТ ҳамчунин гузорише аз амалкарди бонк ва вазъи иқтисодии кишвар ироя кард. Бино ба додаҳои БМТ, тавлидоти нохолиси дохилӣ дар шашмоҳаи нахусти имсол 24 023,8 милюн сомонӣ  ва афзоиши воқеъии он 6,0 дарсадро ташкил додааст. Иқтисоди кишвар асосан аз ҳисоби бахшҳои санъатӣ — 21,3 дарсад, кишоварзӣ — 6,4 дарсард ва гардиши хурдафурӯшӣ — 3,6 дарсад рушд кардааст.

Мизони таваррум дар ин давра 5,9 дарсадро ташкил дода, дар қиёс бо шашмоҳаи нахусти порсол 2,8 дарсад бештар будааст.

Гардиши тиҷорати хориҷӣ дар ин давра 1,6 милёрд дулорро ташкил дода, ки нисбат ба порсол 2,4 дарсад ё 37,5 милюн дулор бештар аст.

Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири бонк ба иттиҳоми ришва додан ба корманди Ожонси мубориза бо фасод дастгир шуд

Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчунин гузориш дод, ки нархи расмии сомонӣ нисбат ба дулори ИМА дар ин шашмоҳа 11,9 дарсад коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, ки нархи фурӯши бозории дулори нақд дар ин давра 11,7 дарсад афзоиш ёфта ва фарқ миёни нархи расмӣ ва нархи фурӯши бозории дулори нақд ҳамакнун 0,6 дарсадро ташкил медиҳад.

Бино ба гузориши вай, ҳамакнун дар кишвар дар кулл 96 бунгоҳи қарзӣ, аз ҷумла 16 бонк, 34 созмони хурди пасандозиву вомдиҳанда, 13 созмони хурди қарзӣ ва 33 бунёди хурди қарзӣ фаъолият доранд.

Дороиҳои умумии бунгоҳҳои қарзӣ дар ин давра 20 милёрд сомониро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давра дар соли гузашта 1,3 дарсард бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала