Спартакиада: дастаи "Рӯшон" - барандаи "Ҷоми Нур"

© Sputnik Ситдиков РамильСпартакиада в честь алмазного юбилея
Спартакиада в честь алмазного юбилея - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аввал ва "Ҷоми Нур" насиби дастаи "Рӯшон" шуд. Ҷои дувумро тими "Ишкошим" аз худ кард ва мақоми севумро дастаи "Боми Ҷаҳон" гирифт.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дирӯз дар варзишгоҳи "Янтар" спартакида ё бозиҳои варзишии ҷамоъати исмоъилиёни тоҷики Русия баргузор шуд.

Мусобиқаи футбол яке аз муҳимтарин барномаҳои ин бозиҳои варзишӣ буд, ки ба муносибати 60-умин солгарди имомати шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV баргузор шуданд.

Нуздаҳ даста аз 20 май то 23 июл барои ба даст овардани Ҷоми футболи "Ҷашни Алмосӣ" бо якдигар рақобат доштанд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳои "Рӯшон" ва "Ишкошим" ба майдони набард баромаданд.

Дар ин бозӣ, ки бо навои дафу доира ва кафкӯбиҳои мухлисони ҳар ду даста сурат гирифт, футболбозҳои "Рӯшон" бар рақибонашон аз "Ишкошим" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Мақоми аввал ва "Ҷоми Нур" насиби дастаи "Рӯшон" шуд. Ҷои дувумро тими "Ишкошим" аз худ кард ва мақоми севумро дастаи "Боми Ҷаҳон" гирифт.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Нур" насиби дастаи "Вамар" шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала