Шавкат Мирзиёев 60-солагиашро ҷашн мегирад

© Sputnik / Дмитрий АстаховПремьер-министр Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Премьер-министр Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омадааст

ДУШАНБЕ, 24 июл— Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон имрӯз, 24 июл ба синни 60 расид.

Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбакистон дар оилаи пишизкон ба дунё омадааст.

Шаҳрвандони Узбакистон моҳе пеш барои таҷлили рӯзи мавлуди раисҷумҳури худ ба тараддуд афтода буданд. Бархе ба раисҷумҳурашон тариқи шабакаҳои интернетӣ номаи шодбошӣ равон карда, қисме дигар бо сатби видеоӣ ӯро табрик кардаанд.

"Биёед ин рӯзро якҷоя равшантар мекунем! Раисҷумҳурамонро бо мавлудаш табирк мекунем! Барояш умри дароз, саломатии бардавом таманно мекунем!", — даъват карда буданд, корбарони фаъоли фейсбук.

Зиндагинома

Шавкат Мирзиёев оли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва хоҷагии оби Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро Мирзиёев соли 1982 дар Донишкадаи обёрии Тошканд ба ҳайси муҳақиқ, дотсент ва ноиби ректор дар бахши омӯзиш кор кардааст.

Соли 1990 вакили Шӯрои Узбакистон интихоб шуд.

Соли 1992 ҳокими ноҳияи Мирзо-Улуғбеки шаҳри Тошканд таъин шуд.

Дар баробари фаъолият дар мақомоти ҳукуматӣ солҳои 2001-2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд.

Солҳои 1995-2003 дар баробари фаъолият дар мақомоти ҳукуматӣ вакили парлумони Узбакистон буд.

Моҳи декабри соли 2003 парлумон бо пешниҳоди Ислом Каримов Мирзиёевро ба симати нахуствазири кишвар таъин кард. Пасон се бори дигар (2005, 2010, 2015) парлумон Мирзиёевро ба ҳайси сарвазир таъйид кард.

8 сентябри соли 2016 дар асоси қарори маҷлиси парлумонӣ Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи муваққатии раисҷумҳуриро ба ӯҳда гирифт.

19 октябри соли 2016 ҳизби либерал-демократи Узбакистон номзадии Мирзиёевро ба симати кишвардорӣ пешниҳод кард.

Да асоси интихоботи президентии 4 декабри соли 2016 Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон интихоб шуд. Ӯ дар раъйпурсӣ 88,6% овозҳоро гирифта буд.

Бо ордени "Меҳанти фахрӣ" ва "Хизмати фидокорона" сарфароз шудааст.

Мирзиёев оиладор соҳиби ду духтар ва як писар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0