ВУД: Марди 54-сола муттаҳам ба ташкили фоҳишахона мешавад

Обуна шудан
Сокини шаҳри Душанбе, марди 54-сола аз ҷониби милисаи пойтахт боздошт шуд. Номбурдаро ВУД муттаҳам ба ташкили фоҳишахона мекунад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт кард.

Бино бар гузариши манбаъ, номбурда дар се манзил — хонае дар кӯчаи Лоҳутӣ, Кошонаи ҳусн дар кӯчаи Назаршоев ва Кошонаи ҳусни табобатӣ дар кӯчаи Айнии пойтахт фоҳишахона ташкил карда, барои қабули "мизоҷон" пул гирифтааст.

Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: Зани 58-сола дар Душанбе хонаашро ба фоҳишахона табдил дод

"Чунончи, номбурда, дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 1000 рубли русӣ  гирифтааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Номбурда ҳамчунин рӯзи 21-уми июли соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 36-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 140-сомонӣ гирифтааст.

"Ҳамин тариқ, номбурда 19-уми июли соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар кӯчаи Айнии пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 35-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст",- гуфта мешавад дар анҷоми гузориш.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0