Шаҳрдории Душанбе нагузошт тоҷикҳову узбакҳо муштзанӣ кунанд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрдории Душанбе бо баргузории зӯрозмоии муштзанҳои тоҷику узбак дар намоишсарои "Аҳорун" мувофиқат накард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе бо баргузории мусобиқаи муштзанҳои Тоҷикистону Узбакистон, ки қарор буд 29 июл дар амфитеатри "Аҳорун" баргузор шавад, мувофиқат накард.

Ба иттилоъи равобити умумии Федеросюни бокси ҳирфаии Тоҷикистон, ин ниҳод, ки баргузоркунандаи мусобиқа аст, аз шаҳрдории Душанбе номаи расмӣ дарёфт карда, ки ба раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода фиристода шудааст.

Дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад: "Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии "Аҳорун" барои чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ гардида, гузарондани чорабиниҳои варзишӣ дар муассиса мувофиқи мақсад намебошад".

Дар номаи расмии шаҳрдории Душанбе, ки муъовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ имзо кардааст, ёдоварӣ шуда, ки дар пойтахт толорҳои варзишӣ бисёранд ва чунин мусобиқаеро бояд дар чунон толоре баргузор кард.

Шаҳрдории Душанбе бо ин нома аз раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш дархост карда, ки Федеросюни бокси ҳирфаиро дар баргузории мусобиқаи муштзанӣ ёрӣ расонад.

Лентаи хабарҳо
0