Тобистон идома дорад: имрӯз ҳаво дар кишвар то 44 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина отдыхает у фонтана, архивное фото
Мужчина отдыхает у фонтана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави кишвар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи Шарқ 3-8 метр дар сония мевазад. Дар бархе аз минтақаҳо ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тавре Маркази обуҳавосанҷии кишвар гузориш медиҳад, имрӯз дар минатқаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз тарафи Шарқ 3-8 М/с мевазад.

Дар водиҳои вилояти Суғд шабона ҳаво 20-25 дараҷа гарм мешавад, рӯзона бошад ҳарорати ҳаво то 37-42 дараҷа мерасад. Дар манотиқи кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа гарм ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 дараҷа ва рӯзона 39-44 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар доманакӯҳҳо шабона то 23 дараҷа ва рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона то 19 дараҷа ва рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят бошад, шабона то 10 дараҷа ва рӯзона то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона то 23 дараҷа ва рӯзона то 42 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар назар дошат нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш боӣ мемонад. 

Ҳарорат ҳаво дар пойтахт шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 41 дараҷа гарм мешавад.

Чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба сокинони кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳарорати ҳаво дар кишвар боло меравад.

Дар паи гарм шудани ҳаво маъмулан барфу пиряхҳо низ бештар об шудан мегиранд, ки оби рӯдхонаҳоро ба туғён оварда ва дар бархе аз манотиқ муҷиби омадани сел ва сангрезиш ҳам шавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳои кӯҳистонӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд. 

Чӣ бояд кард то аз гармӣ наҷот ёфт?

Ҳамчунин Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад бо мақсади риояи бехатарӣ тибқи ин тавсияҳо амал кунанд: 

Талош кунед зери шуъои офтоб камтар бошед ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед.;

Бештар об истеъмол кунед;

Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд;

Дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад;

Ва билохира: ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед;

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала