Эрон аз Русия ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet 100 мехарад

Эрон аз Русия чанд фарванд ҳавопаймои мусофирбарии "Sukhoi Superjet 100" мехарад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Русия ва Эрон барои фурӯшу хариди чанд фарванд ҳавопаймои "Sukhoi Superjet 100" тавофуқ карданд.

Намояндаҳои Эрону Русия дар чорчӯби намоишгоҳи "МАКС 2017" барои хариду фурӯши 12 ҳавопаймои мусофирбарии "Sukhoi Superjet 100" қарордод имзо карданд.

Эҳтимол дорад, ки дар оянда қарордоде барои хариди 30 фарванд ҳавопаймои дигар ҳам миёни ду кишвар имзо шавад.

Sukhoi Superjet 100 аз ҳавопаймоҳои мусофирбарии минтақаӣ аст, ки 75 то 95 сандалӣ дорад.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала