Сардори милиса дар Кӯлоб ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод аз боздошт шудани сардори шуъбаи милисаи ҷамоъати Зиракӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии Ожонси мубориза бо фасод, сардори шуъбаи ВУД дар ҷамоъати деҳоти Зиракӣ Бахтиёр Қаландаров дар утоқи кораш ҳангоми гирифтани ришва дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки вай ҳангоми дарёфти ришва ба маблағи 3400 сомонӣ дар утоқи кораш дастгир шудааст. Ин маблағ бахше дувум аз ришвае будааст, ки Бахтиёр Қаландаров аз шаҳрванде тамаъ карда то парвандаашро бибандад. Пеш аз ин сардори милиса аз он шаҳрванд 600 дулор пора гирифта будааст.

Ожонси мубориза бо фасод барои бозҷӯии ришваситонии Бахтиёр Қаландаров бар асоси банди 1 моддаи 319 Қонуни кафйарии Тоҷикистон (ришваситонии шахси масъул) парванда оғоз кардааст. Ин банди қонун барои ришваситонӣ то 5 сол зиндонро муқаррар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала