Дар Русия гурӯҳи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон аз байн бурда шуд

Пулиси Русия дар устони Маскав се гурӯҳи ҷиноии қавмӣ, аз ҷумла гурӯҳи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бурд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Пулиси Маскав гурӯҳи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бурд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси бахши 1-уми шуъбаи ҷустуҷӯи сареи идораи таҳқиқоти ҷиноии рақами 4-уми ВУД Русия иттилоъ додааст, ки се гурӯҳи қавмии ғоратгар дастгир карда шудаанд.

Ба гуфтаи вай, яке аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ғолибан шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Доғистонро дар бар мегирифт. Ин гурӯҳ дар ноҳияи Электростал ва ноҳияи Ногинск ба бонкҳо ва дуконҳои ҷавоҳирот ҳамла ва онҳоро ғорат мекарданд.

Аксарияти аъзои гурӯҳи дувум шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Онҳо дар ноҳияҳои Домодедово ва Любертси ҳамлаҳои ғоратгарона ташкил мекарданд. Севумин гурӯҳи ҷиноӣ дар ноҳияҳои Пушкино ва Митиши амалҳои мушобеҳро анҷом медодаст..

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала