Тоҷикистон колоҳояшро дар Узбакистон намоиш хоҳад дод

© Facebook Раиси вилояти Суғд Шавкат Бобозода
Раиси вилояти Суғд Шавкат Бобозода - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои санъатии Тоҷикистон колоҳои худро дар Узбакистон намоиш хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар намоишгоҳи колоҳои Тоҷикистон дар Узбакистон, ки қарор аст моҳи сентябр баргузор шавад, 64 ширкат сохтовардаҳояшонро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Намоишгоҳи озуқаворӣ- ҳунармандӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Вазири саноъату фанновариҳои нави Тоҷикистон дирӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти бахши мошинсозӣ, маъдан, алюмин, саноеъи сабук ва хӯрок намоиш дода хоҳанд шуд.

"Тоҷикистон дар садади роҳандозии ҳамкорӣ бо Узбакистон дар чанд бахши саноъат аст, ки яке аз онҳо мошинсозӣ аст", — таъкид кардааст Шавкат Бобозода.

Ин намоишгоҳ дар посух ба намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор мешавад, ки моҳи апред дар Душанбе барпо шуда буд. Дар он намоишгоҳ 160 ширкати узбакӣ колову фаровардаҳояшонро ба наоишу фурӯш гузошта буданд.

Дар бахше дигар аз ин нишаст Бобозода гузориш дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар кишвар куллан 78 корхона бунёд шуда ва 175 корхонаи санъатӣ аз кор боз мондааст.

Бино бар гузориши вазири саноеъву фанновариҳо, ҳамакнун дар саросари кишвар 1957 корхонаи санъатӣ фаъол аст, ки аз он шумор 494 корхонаи саноеъи хӯрокворӣ, 35 корхонаи коркарди маъданҳо, 488 ширкати созандаи маҳсулоти сохтмон, 19 корхонаи ангишт, 415 корхонаи саноеъи сабук, 298 корхонаи мошинсозӣ, 150 ширкати табъу нашр, 33 ширкати нафту газ ва 25 корхонаи вобаста ба Вазорати обу энержӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала