Ҷавондухтаре дар сари хашм модарандарашро корд зад

Ҷавондухтаре дар шаҳри Турсунзода дар сари қаҳр ба шиками модараш бо корд як маротиба зарба задааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рухдоде дар шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милисаи ин шаҳр зани 24-солаеро дастгир кардаанд, ки ба ҷурми қасдан расонидани зарари ҷимонӣ муттаҳам мешавад.

Номбурда, рӯзи 26-уми июли соли 2017 дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо модарандараш, зани 33-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати ин қазия тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала