Сарнагунии ҳавопаймо дар Қазоқистон ҷони ду касро гирифт

© © Sputnik / Виталий ТимкивСамолет Як-12, архивное фото
Самолет Як-12, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сарнишин дар натиҷаи сарнагун шудани ҳавопаймои Як-12 Дар Қазоқистон ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 27 июл— Sputnik. Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳавонавардии кишварии Қазоқистон, ҳавопаймои Як-12 дар қаламрави вилояти Алмаато сарнагун шудааст.

"27 июл ҳавопаймои Як-12 аз ширкати "КазАвиа" дар ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато, дар 10-килуметрии Жаркент суқут кард. Ҳар ду сарнишини ҳавопаймо дар ин садама ҷон бохтанд", — омадааст дар гузориш.

Публикация от Online #1ViP@kris_p_almaty🇰🇿 (@kris_p_almaty) Июл 26 2017 в 9:57 PDT

 

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо киштзори ҷуворимаккаро дору мепошидааст. Ҷузъиёти ин ҳодиса бозҷӯӣ мешаванд.

Сарнагунии ҳавопайморо намояндаи расмии Кумитаи авзоъи изтирории Қазоқистон Руслан Имонқулов дар суҳбат бо Sputnik Қазоқистон таъйид карду гуфт, субҳи рӯзи 27 июл дар  дар ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато ҳавопаймои Як-12 суқут кард.

"Ҳавопаймо ду сарнишин дошта ки ҳар ду дар садама ҷон бохтанд", — гузориш дод Имонқулов.

Лентаи хабарҳо
0