Нигаронии раисҷумҳур аз вазъи бади саноат ва ёдоварӣ аз захираҳои нафту газ

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурДидори Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Балҷувон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон  бо фаъолони ноҳияи Балҷувон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолон ва аҳолии ин ҷо суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониаш аз рушди саноати ноҳияи Балҷувон изҳори нигаронӣ карда, барои рушди он ба масъулин супоришҳо додааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки соҳаи саноати ноҳия дар вазъияти хеле ташвишовар қарор дошта, ҳиссаи он ҳамагӣ 7 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти дар ноҳия истеҳсолшударо ташкил медиҳад ва танҳо як фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа кор мекунад.

"Зарур аст, ки дар ин ҷода имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби  сармояи хориҷӣ пурра истифода карда шаванд", — гуфт раисҷумҳур.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Балҷувон - Sputnik Тоҷикистон
Пешвози самимӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Балҷувон рафт

Дар идомаи суханронӣ раиси Тоҷикистон аз захираҳои зиёди нафту гази пешгӯишуда ва дигар сарватҳои табиъии ноҳия ёдоварӣ карда гуфт, ки истифодаи самараноки онҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд".

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия таъсиси як корхонаи коркарди сангу шағал идома дорад ва ба Вазорати саноат ва технологиҳои нав зарур аст, ки онро ҳарчи зудтар ба истифода супорад, то ин ки иншоот бо масолеҳи сохтмонии худӣ, аз ҷумла регу шағал таъмин карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала