Дар масҷидҳои Қирғизистон садои азонро паст карданд

© Фото : CC0 / Pxhere Масҷид. Акс аз бойгонӣ
Масҷид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Қирғизистон аз баландии садои азон шикоят кардаанд. Пас аз ин шикоятҳо Идораи динии мусулмонони Қирғизистон садои азонро то 40 десибел паст кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар масҷидҳои Қирғизистон овози азонро паст карданд.

Нурсултан Назарбаев дар шаҳри Мадина - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоев дар масҷиди Пайғамбар дар шаҳри Мадина намоз гузошт

Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон, Идораи динии мусулмонони он кишвар пас аз шикоятҳои мардум садои азонро то 40 десибел паст кард.

Сухангӯи Идораи динии мусулмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев гуфт, ки имрӯзҳо садои азон дар масҷидҳои кишвар баландтар аз 40 десибел нест.

"Албатта пас аз ин қарор аксари намозхонон шикоят оварданд, ки садои азонро намешунаванд. Мо тавзеҳоти лозимро ба онҳо додем, чун оромӣ бароямон дар мадди аввал аст. Чунин тавзеҳотеро дар шаҳри Ӯш ҳам ба мардум додаем", — афзуд вай.

Бино бар додаҳои манобеъи озод, 40 десибел баробар бо садои маъмулии гуфтугӯ аст. Ин меъёр барои сохтмонҳои маскунӣ рӯзона аз соати 7:00 то 23:00 то 40 дисебелро муқаррар шуда ва шабона набояд баландтар аз 30 десибел бошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала